Март 04, 2023 18:03 Asia/Dushanbe
  • Мақоми яманӣ: Ҳузури шайтонии Амрико ва Англия дар Яман, ишғолгарӣ ва нақзи ошкори ҳокимият аст

Узви дафтари сиёсии Давлати наҷоти миллии Яман ҳузури Амрико ва Англия дар хоки Яманро шайтонӣ тавсиф кард ва онро нақз ошкори ҳокимият ва қавонини байналмилал донист.

Алӣ Ал Қаҳум, узви дафтари сиёсии Давлати наҷоти миллии Яман  дар Твиттер ба сафари ахири ин фармондеҳи низомии Амрико ба устони Ал Маҳра вокуниш нишон дод ва онро нақзи ошкори ҳокимият ва қавонини байналмилалӣ ва исрори омдона бар ишғолгарӣ тавсиф кард.

Вай навишт: «Мо ба амрикоиҳо ва англисиҳо мегӯем, ки проектҳои истеъмории шумо дар Яман ҷое надоранд ва ишғолгарии шумо ба поён мерасад, чаро ки мардуми Яман аз хатари «ҳузури шайтонӣ»-и ишғолгарон огоҳанд ва аз қудрати лозим барои муқобила ва дифо то пирӯзӣ бархӯрдоранд.

 

Барчасп