Марде дар Шветсия баъд аз таҳқири Қуръони Карим ҷасадаш пайдо шуд
(last modified Thu, 30 Jan 2025 16:21:50 GMT )
Январ 30, 2025 21:21 Asia/Dushanbe
  • Марде дар Шветсия баъд аз таҳқири Қуръони Карим ҷасадаш пайдо шуд
    Марде дар Шветсия баъд аз таҳқири Қуръони Карим ҷасадаш пайдо шуд

Порс тудеӣ- расонаҳои Шветсия аз кушта шудани "Слован Момика" нафаре хабар доданд, ки дар ин кишвар Қуръони Каримро таҳқир мекард.

Расонаҳои Шветсия навиштаанд: "Слован Момика" нафаре, ки Қуръони Каримро таҳқир карда ва чандин бор китоби муқаддаси мусалмононро сӯзонда буд, бо тир кушта шудааст. Ба гузориши Порс тудеӣ, бо истинод ба рӯзномаи "Экспресс" Момика дар манзилаш дар шаҳри "Сёдертяле" ҳангоми иҷрои мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ тир паррондааст.

Момика қабл аз кушта шуданаш чанд бор бо пуштибонии пулиси Шветсия Қуръонро сӯзонд, ки мавҷи эътирозҳоро дар саросари ҷаҳон барангехт. Бисёре аз кишварҳо ба нишони эътироз дипломатҳои Шветсияро даъват карда, эътирози худро ба онҳо баён карданд. Ҳарчанд ҳукумати Шветсия таҳқири Қуръонро маҳкум кард, аммо он шахсро бо таъмини амният ва додани иҷозатнома ҳамроҳӣ мекард.

Слован Момика низ дар оғози ҷанги Ғазза аз ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ ҳимоят кард амале, ки дар паси ҳамлаҳои ӯ ба китоби муқаддаси мусулмонон барномаи пиҳониро ошкор кард.