Таловати Қуръон аз назари равоншиносӣ чӣ таъсирӣ дорад ?
(last modified Fri, 21 Mar 2025 13:27:45 GMT )
Март 21, 2025 18:27 Asia/Dushanbe
  • Таловати Қуръон аз назари равоншиносӣ чӣ таъсирӣ дорад ?
    Таловати Қуръон аз назари равоншиносӣ чӣ таъсирӣ дорад ?

Порс тудей - Як коршиноси хонавода дарбораи таъсири таловати Қуръон аз назари равоншиносӣ гуфт : Мутолиаи матни оёти Қуръон ва амиқ шудан дар он , дилро ором мекунад ва як навъ дарси худшиносӣ ба инсон меомӯзад ; Ба гӯнае ки бо тавоноиҳо ва заъфҳои худ ошно мешавад .

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз Ирно , Ҳусайн Ализода Кӯзаканон коршиноси хонавода дарбораи таъсири таловати Қуръон аз назари равоншиносӣ бар рӯҳу равони инсон гуфт : Қуръон ба маънои дармонӣ ишораи хосӣ дорад ва бо таловати оёт ба мафоҳими каломи илоҳӣ пай бибарем . Маслан ҳамаи корҳои худро маънӣ бидиҳем ки барои ризои Худо бошад ; Дар он сӯрат чӣ шикаст бихӯрем ва чӣ пирӯз шавем , муваффақ ҳастем . Чун муштарии мо худи Худованд аст .

Ализода афзӯд : Мутолиаи матни оёти Қуръон ва амиқ шудан дар он дилҳоро ором мекунаду бадану рӯҳро дар масири ҳамон матн қарор медиҳад . Забон , кантрол мешавад , чашм дар масири дуруст нигоҳ мекунад ; даст , пок мемонаду пои инсон дар сироти мустақим ва ҳақ ҳаракат мекунанд ва натиҷаи ин фароянди тарбиятии як инсони муъмин ва солеҳ хоҳад буд .

Эҷоди шодӣ ва нишот

Ин коршиноси хонавода дарбораи осори равонии Қуръон гуфт : Аз онҷо ки оёти Қуръон сухани Худост ва барои ҳидояти инсону таъолии рӯҳи нозил шуда , муҳтавои оёт ба гӯнае аст ки бо вижагиҳои равонӣ ва шахсиятии инсон созгорӣ дорад ; Ҳатто вақте афроди ғайримусулмони оёти илоҳиро мешунаванд ва бар рӯй он меандешанд , ингуна мегӯянд ки ин суханон барои онҳо як навъи умед , нишоту  шодӣ меоварад ва гуё аз гумшудаҳои онҳо сухан мегуяд .

Дӯстии дутарафа

Ализода афзӯд : Аз Расӯли Худо ( с ) ва аъимма ( а ) нақл шуда, ки ҳатто нигоҳ кардан ба оёти Қуръон , дили одамиро ором мекунаду сафои дарунӣ бавуҷуд меоварад , бинобари ин ҳар касе Қуръонро дӯст дошта бошад , Қуръон низ ӯро дӯст хоҳад дошт , дар воқеъ иртибот бо Қуръон , иртибот бо хубиҳост , чун Худованд , хубиҳо ва он чӣ ки инсонро ба саодат мерасонад , дар Қуръон зикр кардааст ва касе ки бо хубиҳо иртибот дорад , хуб мемонад .

Дарси худшиносӣ

Нависандаи китоби рафторҳои иззатофарин дар тарбияту таҳсили фарзандон идома дод : Худо дар Қуръон вижагиҳои равонӣ , шахсиятӣ , ҷисмонӣ , рафторӣ ва имонии афродро мавриди баррасӣ қарор додааст . Пас касе ки оёти Қуръонро таловат мекунад ва дарбора маъонии онҳо тадаббур ва тааммул мекунад , як навъи дарси худшиносӣ меомӯзад ва бо тавоноиҳо ва заъфҳои худ ошно мешавад .

Ҳусайн Ализода , коршиноси масоили хонавода афзӯд : Иртибот бо Қуръон боис мешавад то хонандаи оёти илоҳӣ бо вожаҳои қуръонӣ ошно шавад ва ба мурӯр , калому гуфтори ӯ қуръонӣ мешавад . Ошноӣ бо вожаҳои қуръонӣ зеҳну аъзои инсонро ба ҳамон сӯ мебараду инсон ба мурӯр рафторҳои қуръонӣ пайдо мекунад.

Пуштвонаи муҳками равонӣ

Ализода тасреҳ кард : Яке аз осори муҳими равонии Қуръон инаст ки пайваста инсонҳоро ба сӯйи корҳои хуб фаро мехонд ва таъкид мекунад ки пирӯзӣ бо хубонаст ва аҷру подши касе ҳаргиз зойеъ нахоҳад шуд ва ин бишорат барои инсонҳо як пуштвонаи муҳками равонӣ аст то ба корҳои хуби худ идома диҳанд .

Таъодул дар рафтор

Ин коршиноси хонавода изҳор дошт : Баррасиҳо нишон медиҳад иртибот бо оёту таловати каломи илоҳӣ борақае (дурахшандае) аз маънавият , адаб , оромишу рафтори солим дар инсон бавуҷуд меовараду фард , худро дар маҳзари китоби Худо мебинад ва аз анҷоми гуноҳ , шарм ва ҳаё мекунад , таловати оёти илоҳӣ ба вижа бо дарки маъонии он , пархошгариро коҳиш медиҳад ; рафторҳоро мутаъодил мекунаду умед ба ёрии Худовандро дар инсон тақвият мекунад .

Ҷилавгирӣ аз ёсу ноумедӣ

Нависандаи китоби навиштаҳои тарбиятӣ афзӯд : Бисёре аз бемориҳои равонии хафиф , ҳасодат , кибр , муқоисаи худ бо дигарон ва ёсу ноумедӣ бо таловати оёти Қуръон ва дарёфти ахлоқи қуръонӣ аз байн мераваду шахс аз назари равонӣ ва рафторӣ ором мешавад .

Шаклёбии як шахсияти солим

Вай изофа кард : Ошноӣ бо суннатҳои илоҳӣ ва ин ки ҳақ ҳамеша пирӯз аст ва ботил аз байн рафтанӣ аст , осори муҳими равонӣ дар инсонҳо дорад , як инсони муъмин ҳамеша Худоро пуштивонаи худ медонад ва имон дорад ки Худо бо ӯст ва аз ин эътиқод ки аз матни оёти Қуръон ба дасти омада , боиси шаклёбии як шахсияти солим , иззатманд , умедвору сабур дар баробари мушкилот мешавад .

Эҷоди амалгароӣ

Мударриси омӯзиши хонавода гуфт : Оёти Қуръон бар амалгаро бӯдани инсон таъкид мекунад , чун имон овардан фақат кофӣ нест , барои ин ки як ақида ба амал табдил шавад , ниёзманди амали солеҳ аст ва акнӯн равоншиносон яке аз роҳҳои дармони изтиробҳо ва афсурдагиҳоро анҷоми корҳои хуб медонанд .