Ҳамроҳии Худо бо собирон дар сахтиҳои зиндагӣ
https://parstoday.ir/tg/news/religion-i121064-Ҳамроҳии_Худо_бо_собирон_дар_сахтиҳои_зиндагӣ
Вақте мушкилоти зиндагӣ рӯҳи инсонро хаста мекунанд , Қуръон ду абзори қудратмандро ба муъминон муаррифӣ мекунад : Сабру намоз . Ин ду боли имон , бо эҷоди пайванди амиқ бо Худованд , оромишу тавонмандии рӯҳиро ба армағон меоваранду инсонро дар масири тақарруби илоҳӣ устувор месозанд .
(last modified 2025-07-20T06:03:20+00:00 )
Июл 19, 2025 21:49 Asia/Dushanbe
  • Ҳамроҳии Худо бо собирон дар сахтиҳои зиндагӣ
    Ҳамроҳии Худо бо собирон дар сахтиҳои зиндагӣ

Вақте мушкилоти зиндагӣ рӯҳи инсонро хаста мекунанд , Қуръон ду абзори қудратмандро ба муъминон муаррифӣ мекунад : Сабру намоз . Ин ду боли имон , бо эҷоди пайванди амиқ бо Худованд , оромишу тавонмандии рӯҳиро ба армағон меоваранду инсонро дар масири тақарруби илоҳӣ устувор месозанд .

Дар зиндагии ҳар инсонӣ лаҳазоте пеш меояд ,ки фишори мушкилот , ғамҳо ва номулоимот ӯро иҳота мекунад ; Дар ин шароит , чӣ чизе метавонад такягоҳи рӯҳи хастаӣ инсон бошад ? Қуръони Карим , дар ояи  153 сӯраи Бақара роҳкори аслиро пеши рӯй муъминон қарор медиҳад : Сабру намоз .

"یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا اسْتَعِینُوا بِالصَّبْرِ وَ الصَّلَاةِ إِنَّ اللَّهَ مَعَ الصَّابِرِین؛  Эй касоне, ки имон овардаед ! Аз сабру намоз кумак бигиред , ҳамоно Худо бо собиронаст . “

Ин оя талангурӣ аст ба муъминон ки дар мувоҷиҳа бо мусибатҳо ва душвориҳои зиндагӣ , ду абзорт ҳаётӣ доранд : Сабру намоз .

Дар лаҳазоти сахт , вақте инсони эҳсос маҳдӯдият мекунад , иттисол ба қудрати номаҳдуди илоҳӣ аз тариқи намозу сабр , заминасози тавонмандии рӯҳӣ ӯ аст . Намоз бо ҳузури қалби маънавӣ , ҳамчун пули байни инсону меъроҷи рӯҳонӣ мемонад ; Ин парвози маънавӣ , мушкилоти дунявиро кучак ҷилва медиҳаду одамиро ба оромиши дарунӣ мерасонад .

 Ин оя таъкид мекунад Худованд бо собирон аст ; На фақат намозгузорон . Чароки намоз низ дар ниҳояти ниёзмандии сабр ва истимрор аст . Бидини истиқомати рӯҳӣ , ибодот дигар низ маъно ва қувати худро аз даст медиҳанд .

Ҳамчунин , сабр ба унвони « модари ҳамаӣ камолот » муаррифӣ шуда :Ссабр дар ҷанг , дар исён , дар ибодат , дар шаҳват , ҳаркадоми роҳӣ ба тақво , иффат , таҳорат ва тақарруб аст ба илова , ривоятҳое нақл шудаанд ки вақте кори душворӣ бар Паёмбар ё Имом Алӣ ( а) душвор мешуд , ибтидо намоз мехонданд ки нишонае аз пайванди амиқи сабру ниёйиш буд . Сабру намоз ба масобаи ду боли имон амал мекунанд : Сабр , муқовимат дар мувоҷиҳа бо мушкилоту намоз , иртиботи мустамар бо Худованд ; ва касе ки ин гӯна зиндагӣ кунад , дар ҷавори раҳмат илоҳӣ аст.