Оё ҳазрати Маҳдӣ ва ҳазрати Исо ҳамзамон зуҳур мекунанд?
-
Оё ҳазрати Маҳдӣ ва ҳазрати Исо ҳамзамон зуҳур мекунанд?
Порс-Тудей. Зуҳури ҳазрати Маҳдии мавъуд танҳо рӯйдоде бузург барои мусулмонон нест, балки ҳазрати Исо (а) низ дар ин воқеаи азим ҳузур хоҳад дошт.
Дар ривоёти исломӣ, яке аз мавзӯоти муҳим нузули ҳазрати Исо (а) аз осмон дар ҳангоми зуҳури ҳазрати Маҳдӣ (аҷ.) ва иқтидои ӯ дар намоз ба имом Маҳдӣ аст. Ба гузориши “Порс-Тудей”, аммо пурсише ки ҳамеша матраҳ будааст, ин аст: Оё ҳазрати Исо ба салиб кашида шуд ва кушта шуд ё хайр?
Қуръони Карим дар сураи Нисо, ояи 158 ба равшанӣ посух медиҳад: « . . . ӯро накуштанд ва ба салиб накашиданд, балки ин амр бар онон муштабаҳ шуд (касе шабеҳи ҳазрати Исо кушта шуд). Ва Худованд ӯро ба сӯи худ боло бурд . . . »
Дар ривоёти муътабар омадааст, ки пас аз зуҳури ҳазрати Маҳдӣ, ҳазрати Исо аз осмон фуруд меояд ва дар давлати маҳдавӣ нақши муҳим ифо хоҳад кард. Паёмбари Ислом (с) мефармоянд:
«Ҳамеша тоифае аз уммати ман дар ҳоле ки аз поконанд, дар роҳи ҳақ мубориза мекунанд, то рӯзи Қиёмат. Пас Исо бин Марям (аз осмон фурӯд) меояд, сипас амирашон (ҳазрати Маҳдӣ ба ҳазрати Исо) мегӯяд: Биё ва барои мо намоз кун (яъне имоми ҷамоат бош). Пас ҳазрати Исо мегӯяд: На, баъзе аз Шумо бар баъзе дигар амир (ва фармонраво) ҳастед, зеро Худованд ин уммат (уммати хотам)-ро гиромӣ доштааст».
Фалсафаи уруҷи ҳазрати Исо ба осмону тӯлонӣ шудани умраш шояд барои ифои нақши бузурге бошад, ки дар марҳалаи ҳассоси зуҳури ҳазрати Маҳдӣ бар ӯҳда дорад то масеҳиёни ҷаҳон имон биоваранд.
Ба ҳамин далел, табиӣ аст, ки бо зуҳури ҳазрати Масеҳ, ҷаҳони масеҳият шодиву хурсандии амиқе нишон диҳаду нузули ӯро ҳамонанди мусулмонон, мувҳибате илоҳӣ бидонад. Ҳамчунин ҳазрати Масеҳ аз кишварҳои мухталиф дидор хоҳад карду Худованд нишонаҳову муъҷизаҳое ба дасти ӯ ошкор месозад то масеҳиён ба тадриҷ ба Ислом ҳидоят шаванд.
Натиҷаи нахустини ин ҳузур, коҳиши душмании ҳукуматҳои ғарбӣ бо Ислом ва мусулмонон хоҳад буд ва ҳамон тавр, ки дар ривоёт омадааст; паймони сулҳу оташбас миёни онону ҳазрати Маҳдӣ барқарор мешавад.
Дар ҳукумати ҷаҳонии имом Маҳдӣ коргузорону масъулон бояд аз бузургону некони уммат бошанд. Бар асоси ривоёт, давлати ҳазрати Маҳдӣ аз паёмбарон, ҷонишинони онон, парҳезгорону солеҳон ташкил хоҳад шуд. Дар яке аз ривоёт омадааст, ки ҳазрати Исо ба имом Маҳдӣ мегӯяд: «Ҳамоно ман ба унвони вазир фиристода шудаам, на амиру фармонраво». (Малоҳами Ибни Товус, саҳ - 83 ва Алфитни Ибни Ҳамод, саҳ -160).