Раисӣ : Иҳонат ба Қуръони Карим, тавҳин ба ҳама динҳо аст
(last modified Thu, 26 Jan 2023 13:43:55 GMT )
Январ 26, 2023 18:43 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Иҳонат ба Қуръони Карим, тавҳин ба ҳама динҳо аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон иҳонат ба Қуръони Каримро тавҳин ба ҳамаи динҳои Илоҳӣ донист .

Теъдоде аз гуруҳҳои ифротӣ дар иқдоми ҳаттокона иқдом ба оташ задани Қуръони Карим муқобили сафорати Туркия дар Стокголм карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурии Эрон, Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар бисту нуҳумин иҷлоси саросарии намоз бо маҳкӯмияти иҳонат ба соҳати муқаддаси Қуръони Карим дар Аврупо, ки муддаии маҳди озод будан аст, таъкид кард : Касоне ки ба Қуръони Карим ва беҳтарин махлуқи Худо, яъне Паёмбар ( с ) иҳонат мекунанд, бидонанд ки ба ҳамаи динҳои иброҳимӣ ва башарият иҳонат кардаанд.
Раисӣ бо баёни инки ин кори зишт ва мавориди инчунине ки ба номи озодии баён сурат мегирад дар воқеъ бадтарини навъи иҳонатҳо ба башарият маҳсуб мешавад, тасреҳ кард : Дар саросари олам ҳеҷ кас ин ҳаракатро қабул намекунад, чаро ки зидди озодии баён дар ҷавомеъи башарӣ аст ва иҳонат ба Қуръон ва динҳои илоҳӣ ҳаракати зишту тардшуда аст.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба ҷиноятҳои аврупоиҳо зидди башарият ва мусулмонон хотирнишон кард : Аврупоиҳо ки худро муддаии ҳуқуқи башар медонанд, бояд дар ҷойгоҳи муттаҳами посухгӯи афкори умумӣ ва мусулмонон бошанд.