-
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар 30 сафоратхона ва 9 консулгарии Душанбе
Март 01, 2020 15:18Раванди интихоботи намояндагони Маҷлиси Тоҷикистон дар сафоратхонаҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар дигар кишварҳо идома дорад.
-
Интихоботи Тоҷикистон; мушорикати 75 дарсадии мардум то соати 15: 00и баъд аз зуҳр
Март 01, 2020 14:43Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз мушорикати беш аз 75 дарсади мардуми ин кишвар, дар интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллии ин кишвар то соати 15:00и баъд аз зуҳр ба вақти Душанбе хабар дод.
-
Тоҷикистон дар дуроҳии фуруши об ё ҷазби сармоя барои сохти нерӯгоҳи оби барқӣ
Март 01, 2020 10:02Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ мегӯяд, Тоҷикистон бояд ба ҷои матраҳ кардани мавзӯи муовизаи об ё сӯзишворӣ ва ҷуброни хасорати захирасозии об дар пушти садҳои ин кишвар аз сӯи ҳамсояҳо, ба дунболи ҷазби сармоя барои сохти нерӯгоҳҳои нави оби барқӣ бошад.
-
Мушорикати 47 дарсадии тоҷикон дар интихоботи парлумонӣ ва шуроҳои маҳаллӣ то зуҳри имрӯз
Март 01, 2020 09:38Беш аз 47 дарсади мардуми Тоҷикистон то соати 12 зуҳри имрӯз ба вақти Душанбе бо ҳузур дар пойи сандуқҳои овоздиҳӣ, овозҳои худро барои интихоботи парлумонӣ ва шуроҳои маҳаллии ин кишвар ба сандуқ рехтанд.
-
Ҷилваҳое аз интихоботи парлумонӣ ва шуроҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон
Март 01, 2020 07:39Ҳамзамон бо якуми март чаҳорумин даври интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар се ҳазору 450 ҳавзаи дохилӣ ва 30 сафоратхона ва консулгарии ин кишвар дар ҳоли баргузорӣ аст.
-
Оғози интихоботи парлумонӣ ва шуроҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон
Март 01, 2020 06:59Чаҳорумин даври интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон аз соати 6 субҳи имрӯз дар саросари ин кишвар оғоз шуд.
-
Карантини 279 фарди машкук ба коронавирус дар бемористонҳои Тоҷикистон
Март 01, 2020 06:45Нахустин ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва интиқоли он ба Тоҷикистон ба раёсати муовини сарвазири ин кишвар доир гардид.
-
Тасвиби тавофуқномаи ҳамкории амниятии Тоҷикистон ва Қатар
Феврал 29, 2020 14:28Парлумони Тоҷикистон тавофуқномаи ин кишвар бо Қатарро дар заминаи ҳамкориҳои амниятӣ тасвиб кард.
-
Нигоҳе ба баҳси обии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ
Феврал 27, 2020 16:28Муовини вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба таомули ҷумҳуриҳои ҳамсоя дар замони Шӯравӣ, хостори муовизаи об бо сӯхт ва энержӣ миёни кишварҳои минтақа ва ё ҷуброни хисорат барои истифода аз об шуд.
-
Марги муҳоҷирони тоҷик дар роҳ ба сӯи ватан
Феврал 26, 2020 12:06Чор шаҳрванди Тоҷикистон дар асари тасодуфи ронандагӣ дар устони Актоба дар ғарби Қазоқистон ҷон бохтанд.