Мушорикати 47 дарсадии тоҷикон дар интихоботи парлумонӣ ва шуроҳои маҳаллӣ то зуҳри имрӯз
(last modified 2020-03-01T08:08:36+00:00 )
Март 01, 2020 13:08 Asia/Dushanbe
  • Мушорикати 47 дарсадии тоҷикон дар интихоботи парлумонӣ ва шуроҳои маҳаллӣ то зуҳри имрӯз

Беш аз 47 дарсади мардуми Тоҷикистон то соати 12 зуҳри имрӯз ба вақти Душанбе бо ҳузур дар пойи сандуқҳои овоздиҳӣ, овозҳои худро барои интихоботи парлумонӣ ва шуроҳои маҳаллии ин кишвар ба сандуқ рехтанд.

Ба нақл аз манобеи маҳаллӣ, 47 аз даҳ як дарсади дорои шароити овоздиҳӣ то соати 12 зуҳри имрӯз дар чаҳорумин интихоботи парлумонии Тоҷикистон ширкат кардаанд.

Дар маҷмӯъ чаҳор миллиону 900 ҳазор нафар дар Тоҷикистон шароити ширкат дар интихоботро доранд.

Ин интихобот ҳамзамон бо Тоҷикистон дар 39 шуъбаи овоздиҳӣ дар 30 сафоратхона ва консулгарии Тоҷикистон дар ҳоли баргузорӣ аст.

Дар Русия низ дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа марокизе барои овоздиҳии тоҷикон барпо шудааст.

Намояндагони мунтахаби мардум дар ин интихобот то соли 2025 курсиҳои парлумонӣ ва шуроҳои маҳаллиро дар ихтиёр хоҳанд дошт.

 

Барчасп