Март 01, 2020 18:48 Asia/Dushanbe
  • Интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар 30 сафоратхона ва 9 консулгарии Душанбе

Раванди интихоботи намояндагони Маҷлиси Тоҷикистон дар сафоратхонаҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар дигар кишварҳо идома дорад.

Аз субҳи имрӯз интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллии Тоҷикистон дар 30 сафоратхона ва 9 консулгариии Душанбе дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳамчун Эрон, Австрия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Афғонистон, Беларус, Белгия, Британия, Олмон, Миср, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қатар, Чин, Кувейт, Қирғизистон, Малайзия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Русия, Арабисон Саудӣ, Амрико, Туркманистон, Туркия, Узбакистон, Украина, Фаронса, Швейтсария ва Ҷопон оғоз шудааст.

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон гузориш додааст, ки шароити лозим дар ҳама сафоратхонаҳо ва консулгариҳо эҷод шудааст ва аз ибтидои кори марказҳои раъйгирӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар дигар кишварҳо ба таври фаъол дар ин рӯйдоди сиёсии муҳим ширкат кардаанд.

 

Барчасп