Карантини 279 фарди машкук ба коронавирус дар бемористонҳои Тоҷикистон
(last modified Sun, 01 Mar 2020 05:15:53 GMT )
Март 01, 2020 10:15 Asia/Dushanbe
  • Карантини 279 фарди машкук ба коронавирус дар бемористонҳои Тоҷикистон

Нахустин ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва интиқоли он ба Тоҷикистон ба раёсати муовини сарвазири ин кишвар доир гардид.

Ба нақл аз Ховар, Ширин Исматуллозода-  муовини сарвазири Тоҷикистон дар ин нишаст бар зарурати ташдиди тадбирҳои пешгирӣ аз шуюи коронавирус дар ин кишвар таъкид кардааст.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар ин нишаст аз карантини 279 нафар дар муассисаҳои табобатии мамлакат хабар дод ва гуфт, аз шумораи умумии воридшуда 177 нафарашон шаҳрвандони Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Эрон ва Афғонистон  мебошанд.

Вай афзуд, озмоишҳои ин ашхос то кунун нишонаҳои ин бемориро дар онон таъид накардааст.

Ин мақоми Вазорати тандурӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ҳеҷ мавриде аз ибтило ба ин вирус дар миёни сокинони кишвраш сабт нашуда ва иқдомоте барои пешгирӣ аз нуфуз ва шуюи коронавирус дар Тоҷикистон иҷро шудааст.

Пеш аз ин раисиҷумҳури Тоҷикистон ба вазоратҳо ва созмонҳои масъули ҳукуматӣ дастур дода буд, ки барои пешгирӣ аз шуюи коронавирус тадбирҳои лозимро бияндешанд ва ба шиддат бар вуруди шаҳрвандони кишварҳои дигар ба Тоҷикистон назорат кунанд.