Интихоботи Тоҷикистон; мушорикати 75 дарсадии мардум то соати 15: 00и баъд аз зуҳр
(last modified 2020-03-01T13:13:34+00:00 )
Март 01, 2020 18:13 Asia/Dushanbe
  • Интихоботи Тоҷикистон; мушорикати 75 дарсадии мардум то соати 15: 00и баъд аз зуҳр

Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз мушорикати беш аз 75 дарсади мардуми ин кишвар, дар интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллии ин кишвар то соати 15:00и баъд аз зуҳр ба вақти Душанбе хабар дод.

Ба нақл аз Азия Плюс, 3 миллиону 703 ҳазору 969 нафар баробар бо 75, 1% аз кулли афроди дорои шароити ширкат дар интихобот, раъйи худро аз субҳи имрӯз то соати 15:00 ба сандуқ рехтанд. 

Мутобиқи муқаррароти Ҷумҳурии Тоҷикистон агар 50 дарсад ба иловаи як раъйдиҳанда дар ин давра аз интихобот ширкат кунад, ин интихобот мӯътабар маҳсуб хоҳад шуд.

Натоиҷи аввалияи интихобот аз субҳи душанбе дар дастрас хоҳад буд.

Раъйгирӣ дар ҳамаи шаҳрҳо ва манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соати 6:00 бомдод ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд ва то соати 20:00 идома хоҳад ёфт.

Барои 63 курсии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 241 номзад дар ҳоли рақобат ҳастанд, ки 48 нафар аз онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Беш аз 230 нозири байналмилалӣ аз созмонҳои мухталифи ҷаҳонӣ  бар ин интихобот назорат мекунанд.

 

 

Барчасп