Май 17, 2023 18:46
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рузи чаҳоршанбе дар дидори масъулон, коргузорон ва ҷамъи аз зоирони Байтуллоҳил-ҳаром нигоҳи саҳеҳ ба ҳаҷ ва фаҳми аҳамияти ин фаризаро бисёр муҳим хонданд ва таъкид карданд: Ҳаҷ масъалаи ҷаҳони ва тамадуни аст, ки ҳадафи он иртиқои уммати исломӣ, наздикии дилҳои мусалмонон ва иттиҳоди уммати исломӣ дар муқобили куфр ва зулм ва истикбор ва бутҳои башари ва ғайрибашари аст.