Май 29, 2023 09:47 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Амир Абдуллоҳиён бар талоши Вазорати умури хориҷа барои осонии азимати ҳоҷиёни эронӣ
    Таъкиди Амир Абдуллоҳиён бар талоши Вазорати умури хориҷа барои осонии азимати ҳоҷиёни эронӣ

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бар талоши ин вазоратхона ҷиҳати ососнии азимати ҳоҷиёни эронӣ барои ҳаҷ ба унвони намоди ҳамбастагӣ ва ваҳдати исломӣ таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Сади Хуросон дар ҷаласае ки бо ҳузури ҳуҷатулислом валмуслимин Сайидабдулфатоҳи Навоб намояндаи валии қафиҳ дар умури ҳаҷ ва зиёрат ва Ҳусейнӣ раиси созмони ҳаҷузиёрат ва мудирони аршади созмон баргузор шуд, ширкаткунандагон аз вазъияти номнависи ва азимати ҳоҷиёни Байтулҳаром ва ҳамоҳангиҳои ба амаломада ибрози ризоят карданд.

Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон дар ин дидор гуфт: Муовинати консули ва умури эрониёни Вазорати умури хориҷа тамоми имконоти худро ҷиҳати осонии умури ҳаҷ ва зоирони ҳарамайни шарифайн қарор дода аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд: Бахши консулии Вазорати хориҷа дар Ҷада, Маккаи Мукарама ва Мадинаи Мунавара ҳузур доранд ва фаъол аст.

Амри Абдуллоҳиён ҳамчунин ибрози умедвори кар бо мусоидати масъулони Арабистони Саъудӣ ҳаҷи соли ҷорӣ бо шукуҳ ва дар оромиш баргузор шавад.

Барчасп