Зоирони тоҷик аз як ҳафта пеш сафар ба Арабистонро шуруъ карданд
(last modified Sun, 02 Jun 2024 13:46:04 GMT )
Июн 02, 2024 18:46 Asia/Dushanbe
  • Сафари зоирони тоҷик барои ҳаҷҷи фарзӣ
    Сафари зоирони тоҷик барои ҳаҷҷи фарзӣ

Аввалин гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳафтае пеш барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ сафар карданд.

Ба гузориши “Пресса ТҶ”, ба нақл аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон, 25 май ин гурӯҳи зоирон, иборат аз 165 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ба Ҷидда сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе гурӯҳи зойиринро раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Решайдон гусел карданд.

Ёдовар мешавем, ки имсол барои адои ҳаҷҷи фарзӣ Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон 7 ҳазор саҳмия ҷудо кардааст. Арзиши ҳаҷҷи фарзӣ дар соли равон барои як нафар 57 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 5300$) муқаррар шудааст.

Масъулони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон гуфтаанд, ки нархи имсолаи ҳаҷҷи фарзӣ бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон мувофиқа шудааст. Ин маблағ, ба гуфтаи мақомот, ба харидани билети ҳавопаймо, меҳмонхона, хӯрок, хидмати роҳбаладон, иқомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, қурбонӣ, доруву бима ва боҷи давлатӣ сарф хоҳад шуд.