-
Додгоҳи Хуҷанд домоди ҷаълиро ба зиндон фиристод
Август 12, 2019 21:24Фарде, ки бо собиқаи зиндон, ба баҳонаи хостгорӣ аз занон кулоҳбардорӣ мекард, бори дигар маҳкум ба зиндон шуд.
-
Ҳузури ҳудуди 600 шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндону урдӯгоҳҳои Ироқу Сурия
Август 02, 2019 19:28Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз нигаҳдории наздик ба 600 шаҳрванди ин кишвар дар зиндону урдӯгоҳҳои Ироқу Сурия хабар дод.
-
Маҳкумияти ҳафт тоҷикистонӣ дар Маскав ба зиндонҳои тӯлонимуддат
Июл 13, 2019 21:18Додгоҳи низомии Маскав 7 шаҳрванди тоҷикистониро ба ҷурми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ва эҷод тасодуфи амдӣ дар масири Маскав – Санкт Петербург ба зиндонҳои тӯлонимуддат маҳкум кард.
-
Талоши Гулнора барои озодӣ аз зиндон
Июн 26, 2019 19:46Гулнора Каримова, духтари раисҷумҳури собиқи Узбакистон, ки ба иттиҳоми фасоди молӣ ва тақаллубу пулшӯӣ ба 10 соли ҳабс маҳкум шудааст, бо эъломи омодагӣ барои пардохти 1.2 миллиард доллар ба хазонаи кишвараш, аз давлати ҷадиди ин кишвар хостааст то ӯро озод кунанд.
-
Мақоми тоҷик: Авзои зиндонҳои Тоҷикистон оддӣ аст
Июн 26, 2019 17:48Намояндаи Идораи кулли мудирияти зиндонҳои Тоҷикистон ахбори бархе расонаҳо дар мавриди эҳтимоли шӯриш дар теъдоде аз зиндонҳои ин кишвар ва анҷоми иқдомоти пешгирона дар ин заминаро такзиб кард.
-
Раиси собиқи зиндони Хӯҷанд ба 4 соли зиндон маҳкум шуд
Июн 07, 2019 20:08Додгоҳи шаҳри Хӯҷанд раиси собиқи зиндони шумораи 3 ин шаҳрро дар ҳодисаи шӯриши ин зиндон дар шаби 7 ноябри соли 2018 муқассир донист ва ба 4 соли зиндон маҳкум кард.
-
Интиқоли гумонбарони ошӯби зиндони Хуҷанд ба Душанбе
Июн 04, 2019 20:06Наздикони зиндониёни гумонбар дар шӯриши шаби 7-уми ноябри соли 2018 дар зиндони шумораи сеи шаҳри Хуҷанд аз интиқоли ин афрод ба шаҳри Душанбе бидуни иттилоъ ба хонаводаҳояшон хабар додаанд.
-
Маҳкумияти муассиси “Викиликс” дар Британия
Май 01, 2019 19:39Дастгоҳи қазоии Британия бо судури ҳукме Ҷулиян Ассанж, ифшогари “Викиликс” - ро ба иттиҳоми “нақзи қонунҳои марбут ба қарори васиқа” ба 50 ҳафтаи ҳабс дар зиндон маҳкум кард.
-
Эҳтимоли судури ҳукми 45 соли зиндон барои Ассанҷ дар Амрико
Апрел 14, 2019 20:34Мушовири ҳуқуқии бунёнгузори пойгоҳи ифшогари “Викиликс” аз эҳтимоли маҳкум шудани ӯ дар Амрико ба 45 соли зиндон хабар дод.
-
Маҳкумияти сокинони Суғд ба иттиҳоми узвият дар фирқаи салафия ба зиндон
Апрел 12, 2019 20:45Ду сокини вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар фирқаи мамнуаи салафия ба зиндон маҳкум шуданд.