Мақоми тоҷик: Авзои зиндонҳои Тоҷикистон оддӣ аст
(last modified 2019-06-26T12:48:32+00:00 )
Июн 26, 2019 17:48 Asia/Dushanbe
  • Мақоми тоҷик: Авзои зиндонҳои Тоҷикистон оддӣ аст

Намояндаи Идораи кулли мудирияти зиндонҳои Тоҷикистон ахбори бархе расонаҳо дар мавриди эҳтимоли шӯриш дар теъдоде аз зиндонҳои ин кишвар ва анҷоми иқдомоти пешгирона дар ин заминаро такзиб кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ба гуфтаи намояндаи дафтари кулли мудирияти зиндонҳои Тоҷикистон, вазъияти тамоми зиндонҳои кишвар оддӣ аст ва иқдомоти амниятӣ дар ҳеҷ як аз зиндонҳои шаҳри Душанбе сахт нашудааст.

Пеш аз ин бархе расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон бо истинод ба манобеи худ дар Идораи кулли мудирияти зиндонҳои Тоҷикистон, аз талоши ҳудуди 20 зиндонӣ барои шӯриш дар зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе хабар дода буданд.

Бинобар иддаои ин расонаҳо, дар махфигоҳи бархе аз ин зиндониён пораҳои оҳан кашфу мусодира шудааст, ки нишон медиҳад, ин афрод ба таври ҷиддӣ худро барои шӯриш омода карда буданд.

Ин расонаҳо ҳамчунин дар мавриди эҳтимоли шӯриш дар зиндони шумораи 7 –и шаҳри Душанбе ҳушдор дода ва муддаӣ шуда буданд, аз ин ҳодиса пешгирӣ шудааст ва тамоми дастандаркорони он шиносоӣ ва боздошт шудаанд.

 

Барчасп