Додгоҳи Хуҷанд домоди ҷаълиро ба зиндон фиристод
(last modified Mon, 12 Aug 2019 16:24:11 GMT )
Август 12, 2019 21:24 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳи Хуҷанд домоди ҷаълиро ба зиндон фиристод

Фарде, ки бо собиқаи зиндон, ба баҳонаи хостгорӣ аз занон кулоҳбардорӣ мекард, бори дигар маҳкум ба зиндон шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник” Шариф Усмонов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки се бор собиқаи маҳкумияти ҳабс дар корномаи худ дошта, бо фиреби занони бева ва муаррифии худ ба унвони хостгор, аз онон пулҳои калонеро бо ҳила аз худ мекардааст.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ин домоди қаллобиро ба ҷурми фиреби чаҳор зан барои чаҳорумин бор ва ба муддати 12 сол равонаи зиндон кард.