Маҳкумияти сокинони Суғд ба иттиҳоми узвият дар фирқаи салафия ба зиндон
Апрел 12, 2019 20:45 Asia/Dushanbe
Ду сокини вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар фирқаи мамнуаи салафия ба зиндон маҳкум шуданд.
Ба гузориши Азия-Плюс Абдулғанӣ Бозорови 48-сола ва Мурод Намозови 35-сола дар авоили соли 2019 тавассути кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт ва ба тозагӣ равонаи зиндон шуданд.
Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Бозоровро ба муддати 6 сол ва Намозовро 1 солу 2 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.
Фаъолияти фирқаи салафия дар Тоҷикистон бо мусаввабаи Додгоҳи олии ин кишвар дар солҳои 2009 ва 2014 мамнуъ эълом шудааст.
Дар солҳои гузашта садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттиҳоми гароиш ба салафия боздошт ва маҳкум ба зиндон шудаанд.
Барчасп