Pars Today
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз истеҳсоли беш аз як миллион тонна семент дар кишвар дар се моҳи аввали соли равон хабар дод.
Бонки Рушди Осиё ибрози умедворӣ кардааст, ки иқтисоди Тоҷикистон пас аз пушти сар гузоштани паёмадҳои Ковиди 19 дар солҳои 2021 ва 2022 эҳё хоҳад шуд.
Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон ба банкҳои тиҷорӣ, муассисаҳои молӣ ва эътиборӣ дастур доданд, ки асъори мавриди ниёз дар кишварро таъмин кунанд.
Гурӯҳи кории махсус оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти иқтисодӣ ва пешгирии коҳиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон ба ҳукумат ҳисобот оид ба ташкили ҷойҳои корӣ дар шароити коронариро пешниҳод менамояд.
Бонки Ҷаҳонӣ барои тақвияти инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва дастгирии осебпазир дар Тоҷикистон 12,5 миллион доллар кумаки ройгон ҷудо мекунад.
Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз сафари 170 коргари тоҷик барои фаъолият дар бахши сохтмонсозии вилояти Иркутски минтақаи Сибири Русия хабар дод.
Ҳукумати Русия барои вуруди коргарони муҳоҷири тоҷик муҷаввиз содир кард.
Муовини шаҳрдори Хуҷанд эълом кард, ки дар соли 2020 ниме аз корхонаҳои саноъатии маркази вилояти Суғд муваффақ ба иҷрои барномаи давлатии тавлиди маҳсулот нашудаанд.
Агентии давлатии омори вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мизони таваррум дар соли гузаштаи 2020-ро 9.4 дарсад эълом кард.
Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо ниҳодҳои молии байналмилалӣ, минтақаӣ ва кишварҳои қарздиҳанда барои ба таъхир афтодани муддати бозпардохти қарзи хориҷии хеш вориди музокира шудааст.