Апрел 29, 2021 12:34 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон 16 корхонаи сементбарорӣ фаъолият мекунад
    Дар Тоҷикистон 16 корхонаи сементбарорӣ фаъолият мекунад

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз истеҳсоли беш аз як миллион тонна семент дар кишвар дар се моҳи аввали соли равон хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ин вазоратхона, тавлиди ин миқдор семент  дар муқоиса бо давраи монанди соли қабл афзоиши наздик ба 55 ҳазор тонна ё 5, 6 дарсадии ин маҳсули сохтмониро нишон медиҳад. 

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 16 корхонаи семент фаъолият мекунад, ки аз зарфияти тавлиди солонаи наздик ба 4 миллион тонна маҳсул бархурдор аст. 

Дар соли 2020 Тоҷикистон бо вуҷуди густариши вируси корона 4 миллиону 200 тонна семент тавлид кард, ки 1 миллиону 300 ҳазор тоннаи он ба Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон содир шуд. 

Арзиши молии содироти ин миқдори семент дар соли 2020 наздик ба 60 миллион доллар эълом шудааст.

Гуфта мешавад, ки имсол ба далели суръат гирифтани раванди сохтусоз дар Тоҷикистон имкони афзоиши тавлиди семент ба беш аз 4, 5 миллион тонна вуҷуд дорад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп