Корхонаи «Тоҷиксемент» фаъолияти худро мутаваққиф кард
Корхонаи «Тоҷиксемент» дар пайи тасмими Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амнияти экологии шаҳри Душанбе ва қатъи истеҳсолоти хатарнок ба фаъолият худ поён дод.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, тасмими марбута дар бораи ин корхона дар ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон тобистони соли ҷорӣ гирифта шуда буд, ки бар асоси он аз 26 декабр ба баъд корхонаи мазкур дигар фаъолият нахоҳад кард.
Зимнан зикр гардид, ки ин тадбирҳо ҷиҳати таъмини амнияти экологӣ ва ҳифзи муҳити зисти шаҳр амалӣ карда мешаванд.
"Корхонае, ки дар солҳои 40-уми асри гузашта сохта шудааст, имрӯз ба талаботи экологӣ ҷавобгӯ нест ва ба экологияи шаҳр ва сокинони он таъсири мустақим дорад", - гуфта шудааст дар ҷаласа.
Масъулини давлатӣ қайд карданд, ки солҳои охир мошину таҷҳизоти истеҳсолии корхона фарсуда шудаанд, аммо таъмири онҳо имконнопазир аст.
Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксемент" ягона корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон бо тавоноии 1,1 миллион тонна дар сол буд. Он нахуст бо газ фаъолият дошт ва пас аз қатъ шудани он бо ангишт кор мекард.
Солҳои ахир бинобар сабаби фарсудашавӣ танҳо 20-30% аз иқтидори он кор мекард.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дуртар аз ин корхона раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиксемент”-ро боз кард.
Гуфта мешавад, ки иқтидори солонаи корхонаи нав 1,2 млн буда, маҳсулоти истеҳсолнамудаи он ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда ,ки сементи маркаҳои сулфат, 500 ва 400 истеҳсол мекунад.