Лағви мамнӯъияти содироти семон дар Тоҷикистон
Раиси Ожонси содироти Тоҷикистон аз оғози дубораи содироти семони ин кишвар ба кишварҳои минтақа хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баҳриддин Сироҷиддинзода, раиси Ожонси содироти Тоҷикистон дар нишасти матбӯотӣ эълом кард : Мамнӯъияти содироти семон дар ин кишвар ба далели як суитафоҳуми кучак эҷод шуда буд.
Агарчӣ вай ҷузъиёти марбут ба моҳияти ин сӯитафоҳумро тавзеҳ надод, аммо таъкид кард ки ин мушкил ба далели қимати семони содиротӣ ба Узбекистон сар зад, ки боиси даргирии бархе аз сохторҳои давлатӣ шуд.
Раиси Ожонси содироти Тоҷикистон идома дод : Мушкил дар ин замина ҳал шуд ва дар натиҷа мамнӯъияти содирот бартараф шудааст.
Шералии Кабир-вазири саноъату фанновариҳои навини Тоҷикистон низ гуфт : Мамнӯъияти содироти семон танҳо 5 рӯз идома ёфт ва бо камбуди семони бо сифати боло барои сохти бархе таъсисоти муҳими иқтисодӣ муртабит буд . Ба таъкиди Кабирӣ ин мамнӯъият акнун бекор(лағв) шудааст.
Бар асоси додаҳои Вазорати саноъату фанновариҳои навини Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар ин кишвар ҳудуди 2.1 миллион тон семон тавлид шуда, ки 4 дарсад бештар аз замони мушобеҳи соли гузашта аст.