Корона таваррумро дар Тоҷикистон афзоиш дод
(last modified Thu, 14 Jan 2021 08:03:44 GMT )
Январ 14, 2021 13:03 Asia/Dushanbe
  • Густариши вируси корона дар Тоҷикистон таваррумро аз мизони пешбинӣ шуда болотар бурд
    Густариши вируси корона дар Тоҷикистон таваррумро аз мизони пешбинӣ шуда болотар бурд

Агентии давлатии омори вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мизони таваррум дар соли гузаштаи 2020-ро 9.4 дарсад эълом кард.

Ба гузориши сомонаи Агентии давлатии омори Тоҷикистон, ин шохисро ҳукумати Душанбе барои соли 2020 ба мизони 7 дарсад пешбинӣ карда буд, ки бо густариши Ковид 19 ба 9.4 дарсад расид.

Дар ин муддат қиммати маводи ғизоӣ 13 дарсад, маҳсӯлоти санъатӣ 5.8 дарсад ва хадамот 4 дарсад афзоиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2020 қиммати равғани мойеъ 50 дарсад, қанду шакар 40.7 дарсад, макарон 30 дарсад, себзаминӣ 19. 8 дарсад, орд 16.4 дарсад ва гӯшт 5.7 дарсад афзоиш нишон медиҳад.

Дар соли 2020 ҳамчунин арзиши сомонӣ дар баробари доллар аз 10 сомонӣ дар аввали сол ба 11 сомониву 33 дирам дар моҳи ноябри соли 2020 расид.

Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2020 дар Тоҷикистон миёнгини ҳуқуқи моҳона як ҳазору 45 сомонӣ (муодили136 доллар) ва ҳаддиақали дастмузд низ 400 сомонӣ (муодили35) доллар эълом шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: