Декабр 29, 2023 21:06 Asia/Dushanbe
  • Пойинтарин сатҳи таваррум дар муддати 32 соли истиқлоли Тоҷикистон 3.7% буд
    Пойинтарин сатҳи таваррум дар муддати 32 соли истиқлоли Тоҷикистон 3.7% буд

Дар соли ҷорӣ қимати колоҳои масрафӣ дар Тоҷикистон фақат 3.8 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши “Азия плюс”, нархи таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2023 бо вуҷуди афзоиши болои қимати тамомшудаи колоҳову маҳсулот дар ҷаҳон танҳо 3. 8 дарсад буд.

Пойинтарин сатҳи таваррум дар муддати 32 соли истиқлоли Тоҷикистон фақат дар соли 2013 (3.7%) сабт шуд.

Ин барои дуюмин сол аст, ки Ожонси омори Тоҷикистон аз сатҳи поини бесобиқаи таваррум гузориш медиҳад.

Қиматҳо дар соли 2022 тибқи омор 4.2 дарсад афзоиш ёфта буд.

Афзоиши қимат дар кишварҳое ки таъминкунандагони аслии колоҳову маҳсулоти Тоҷикистон ҳастанд, бисёр бештар аз Тоҷикистон будааст.

Бинобарин, таваррум дар январ то ноябри соли ҷорӣ тибқи додаҳои расмӣ дар Тоҷикистон 3.8%,  дар Қазоқистон 10. 3%,  дар Русия 8 % ва дар Узбакистон 7. 4% буд.

 

Барчасп