Умедвории Бонки Рушди Осиё ба бозсозии иқтисоди Тоҷикистон дар муддати ду сол
Бонки Рушди Осиё ибрози умедворӣ кардааст, ки иқтисоди Тоҷикистон пас аз пушти сар гузоштани паёмадҳои Ковиди 19 дар солҳои 2021 ва 2022 эҳё хоҳад шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Бонки Рушди Осиё дар тозатарин гузориши хеш бо унвони " шарҳи рушди иқтисоди қорраи Осиё " таъкид кардааст: «Иқтисоди Тоҷикистон ба дунболи коҳиши паёмадҳои бемории Ковиди 19 дар кишварҳои шарики хеш метавонад тайи ду соли наздик дубора қудрати худро барқарор созад.»
Бар асоси ин гузориш, интизор меравад, ки дар соли 2021 суръати рушди тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон ба 5 дарсад ва дар соли 2022 ба 5, 5 дарсад бирасад.
Намояндаи Бонки Рушди Осиё хонуми Шенни Кэмпбелл дар Тоҷикистон мегӯяд: «Афзоиши суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон ба иҷрои барномаи ваксинатсия, барқарории дубораи парвозҳои хориҷӣ ва бозгушоии марзҳои заминии ин кишвар бо шарикони тиҷориаш бастагӣ хоҳад дошт. Ҳамчунин интизор меравад, ки мизони таваррум дар Тоҷикистон аз 9, 4 дарсад дар соли 2020, ба 9 дарсад дар сол 2021 бирасад . Ин шохис дар соли 2022 ба 8 дарсад хоҳад расид.»
Вай афзудааст: «Дар соли гузашта 12 маркази бузурги саноатӣ аз 27 корхонаи давлатии дучори хисорати молӣ ва нотавонӣ дар пардохти вомҳои дарёфтӣ шудаанд.»
Хонуми Кэмпбелл мизони зиёни ин корхонаҳоро баробар бо 8, 2 даҳуми дарсад аз тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон арзёбӣ кардааст.
Бештар бихонед: