Июн 19, 2021 12:01 Asia/Dushanbe
  • Бонки Рушди Осиё то соли 2024 ба Тоҷикистон 462 миллион доллар кумак мекунад
    Бонки Рушди Осиё то соли 2024 ба Тоҷикистон 462 миллион доллар кумак мекунад

Намояндаи Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон аз кумаки молии 462 миллион дроллари ройгони ин ниҳод ба душанеб тайи солҳои 2022 2024 хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл  аз сомонаи Тоҷ Вик, Шени Кэмпбелл ҳадаф аз ин кумаки молӣ ба Тоҷикистонро ҳимоят аз рушди бахшҳои энержӣ, ҳамлу нақл, омӯзиш ва дармони ин кишвар унвон кард.

 

Вай гуфт: қарор буд дар соли 2020 Бонки Рушди Осиё  140 миллион доллар ба Тоҷикистон кумак кунад, аммо ба далели густариши вируси корона мизони кумаки молии ройгони ин ниҳод ба Тоҷикистон дар соли 2020 ба 320 миллион доллар афзоиш ёфт.

Банки Рушди Осиё ҳамчунин бо ин сармоягузорӣ аз тарҳҳои тавсеъаи гардишгарӣ, беҳсозии ҷодаҳо, тавсеъаи зерсохтҳои таъсисоти шаҳрӣ ва афзоиши муқовимат  дар баробари балоёии табиӣ дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад.

Ҳамкории Бонки Рушди Осиё ва Тоҷикистон  аз соли 1998 ва дар поёни ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва то ба ҳол  наздик ба ду миллиард доллар ба ин кишвар  кумаки молӣ ихтисос ёфтааст, ки як миллиарду 400  миллион доллари он ройгон будааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп