Ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх
Май 14, 2024 19:00 Asia/Dushanbe
Ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Женева мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Шараф Шерализода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва соири созмонҳои байналмилалӣ дар Женева бо Мариана Сполярич, раиси Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин дидор мавзӯоти густариши ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, пружаҳои дар ҳоли иҷро дар Тоҷикистон ва чашмандози тавсеаи бештари онҳо мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Барчасп