Май 14, 2024 11:32 Asia/Dushanbe
  • Сохти таъсисоти мухталиф барои истиқбол аз сию панҷумин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, сохти таъсисоти мухталиф барои истиқбол аз сию панҷумин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон дар ҳоли иҷро аст.

Ба гузориши Фараж, тарҳи Кохи Фарҳанги 5 табақа аз ҷумлаи ин тарҳҳое аст, ки барои истиқбол аз сию панҷумин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон дар ҳоли иҷрост.

 Ин бино дорои синфхонаҳо, китобхона ва музей, толорҳои синамо ва маҷлисгоҳ ва утоқҳои кумакии дигар аст.

 Таъсиси бузургтарин марказ дар ҳавзаи фарҳанг дар маркази минтақа имкони баргузории рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ ва умумӣ ва фароҳам кардани шароити кории матлубро барои коркунони ин ҳавза фароҳам мекунад.

 Ҳамчунин сохти Маркази омӯзиши донишҷуёни донишкадаи чаҳоруми Фарҳангистони Вазорати дохила дар шаҳри Хуҷанд ҳам яке дигар аз ин тарҳҳо аст. Ин таъсисот шомили 6 табақа, 17 синфхона, ошпазхона, хобгоҳ,маҷлисгоҳ ва утоқҳои кумакӣ хоҳад буд.

 

Барчасп