Тавлиди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистони 8 дарсад афзоиш ёфтааст
Тайи 9 моҳаи соли ҷорӣ ҳудуди 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистони ҷамъовари шудааст ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта тақрибан 8 дарсад ё 3.2 миллиард сомонӣ бештараст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник Қурбони Ҳакимзода вазири кишоварзии Тоҷикистон гуфт: Арзиши тавлидоти маҳсулоти наботи ҳудуди 33.4 миллиард сомонӣ ва тавлидоти домӣ беш аз 10.4 миллиард сомонӣ аст.
Вай афзуд: Дар ин муддат тавлиди маҳсулоти зироати тақрибани 9 дарсад ва маҳсулоти доми 5 дарсад афзоиш ёфт.
Вазири кишоварзии Тоҷикистони афзуд бардошти мева дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузаштаи тақрибани 42 дарсад, биринҷи 21 дарсад ва сабзиҷоти 11 дарсад афзоиш ёфтааст.