Апрел 21, 2021 11:50 Asia/Dushanbe
  • Бонки миллии Тоҷикистон арзиши долларро 11 сомонию 30 то 34 дирам таъин кардааст
    Бонки миллии Тоҷикистон арзиши долларро 11 сомонию 30 то 34 дирам таъин кардааст

Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон ба банкҳои тиҷорӣ, муассисаҳои молӣ ва эътиборӣ дастур доданд, ки асъори мавриди ниёз дар кишварро таъмин кунанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, дар нишасти мақомоти банкии Тоҷикистон бо ишора ба камбуди асъор  дар бозори муомилоти дохилӣ бар зарурати истифода аз захираҳои асъор барои таъмини ниёзи воридкунандагони маҳсулот аз хориҷ таъкид шуд. 

Ин дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон акнун арзиши як доллар дар баробари сомониро 11 сомонию 30 то 34 дирам таъин кардааст ва аксари банкҳои тиҷорӣ танҳо ба хариди асъор машғул мебошанд ва барои фурӯш чизе надоранд. 

Аз сӯи дигар дар соли 2020 қурби сомонӣ дар баробари доллар 16, 6 дарсад коҳиш ёфта аз 9 сомонию 69 дирам ба 11 сомонию 34 дирам расид. 

Ин дар ҳолест, ки авоили имсол ҳукумати Тоҷикистон афзоиши арзиши доллар дар баробари сомониро то соли 2023 пешбинӣ ва эълом кард: «Арзиши пули миллии кишвар, ки дар соли 2020 ба 10 сомонию 69 дирам расид ва дар соли 2021 ёздаҳ сомонӣ, дар соли 2022 ёздаҳ сомонию 33 дирам ва дар соли 2023 ба 11 сомонию 67 дирам баробар хоҳад шуд.» 
 

Сабаби коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари асъори хориҷӣ чист?

Банки миллии Тоҷикистон далели коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари долларро шуюъи вируси корона, маҳдуд шудани фаъолиятҳои тиҷорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва се баробар шудани воридот дар қиёс бо содирот унвон кардааст. 

Аммо коршиносон мегӯянд, инҳисор кардани муомилоти асъорӣ, бастани нуқтаҳои мубодилаи асъор, коҳиш додани фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ ва коҳиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирони кории тоҷик аз хориҷ яке аз сабабҳои асосии камчинии асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон мебошад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп