Нопадид шудани ҳазор яхчоли табиӣ дар Тоҷикистон!
(last modified Fri, 24 Mar 2023 13:51:39 GMT )
Март 24, 2023 18:51 Asia/Dushanbe
  • Нопадид шудани ҳазор яхчоли табиӣ дар Тоҷикистон!
    Нопадид шудани ҳазор яхчоли табиӣ дар Тоҷикистон!

Раисиҷумҳӯри Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо расонаи Созмони Миллал гуфт: Дар чанд даҳҳаи гузашта беш аз ҳазор яхчоли табиӣ дар Тоҷикистон комилан нопадид шудааст!

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ховар, Эмомалӣ Раҳмон, ки барои ширкат дао ҳамоиши "нақшаи роҳи 2025 соли байналмиллалии ҳифзи яхчолҳои табиӣ" дар Созмони Миллали Муттаҳид дар Ню-Йорк ширкат кардааст дар гуфтугӯ бо хабарнигори телелвизиони Созмони Миллал таъкид кард, зуби сереъи яхчолҳои табиӣ илова бар Тоҷикистон дар соири нуқоти ҷаҳон аз ҷумла Шимол ва қутби Ҷануб низ мушоҳида мешавад.

Вай афзӯд, аз тарафе ҷамъият ҷаҳон сол ба  сол дар ҳоли афзоиш аст ва тақозо бар об низ ба сурат дар ҳоли афзоиш аст. Бо  дар назар гирифтани ин вазъият, шохиси таъмини об, саронаи ҷамъият низ сол ба сол дар ҳоли коҳиш аст.

Эмомалӣ Раҳмон изофа кард, дар панҷ даҳҳаи гузашта ин шохиси кунуни дувву ним баробар коҳиш ёфтааст ва ин раванд ҳамчунон идома дорад.

Вай ҳадафи аслии  ибтикори ҳифзи яхчолҳои табиӣ-ро ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеъаи байналмиллалӣ  ба аҳамияти ин мавзӯъ ва иттихози тадобири қотеъ барои коҳиши таъссири манфии фароянди тағироти об ва иқлими ҷаҳонӣ бар яхчолҳои табиӣ аст.

Эмомалӣ Раҳмон тасреҳ кард, эъломи Рӯзи ҷаҳонии яхчолҳои табиӣ, эҷоди сандуқи вижда ва баргузории Конфронси байналмиллалӣ дар ин замина дар Душанбе дар соли 2025 аз ҷумлаи абзорҳои муҳим барои  дастёби ба ин аҳдоф аст.

Барчасп