Наврӯзӣ бостон дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i100108-Наврӯзӣ_бостон_дар_Тоҷикистон
Мардуми Тоҷикистон бо баргузории ойинҳои хоси Наврӯзӣ ба истиқболи Соли нав ва баҳори табиъат рафтаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 25, 2023 12:29 Asia/Dushanbe
  • Наврӯзӣ бостон дар Тоҷикистон
    Наврӯзӣ бостон дар Тоҷикистон

Мардуми Тоҷикистон бо баргузории ойинҳои хоси Наврӯзӣ ба истиқболи Соли нав ва баҳори табиъат рафтаанд.

Иди Наврӯз ҷашни бостонӣ бо решаи эронӣ аст, ки бо оғози соли нави хуршедӣ дар бисёре аз кишварҳо баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Наврӯз яке аз бузургтарин ва асилтарин ҷашнҳои миллии Тоҷикистон ба шумор меравад ва ҳар сол дар  саросари ин кишвар бо шукӯҳи хосе таҷлил мешавад. Ба ин муносибат дар саросари Тоҷикистон имсол 8 рӯз таътили расмӣ эълом шуда ва тайи ин рӯзҳо барномаҳои фарҳангӣ, адабӣ ва варзишӣ анҷом мешавад.

Дар канори бузургдошти ин ҷашн дар сатҳи кишвар ҳамчунин ба сурати ҷудогона тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва иҷтимоъӣ ин ҷашнро таҷлил мекунанд. Дар сатҳи вилоятҳо, шаҳрҳо, навоҳи ва рустоҳо низ барномаҳои муътадиде ба муносибати Наврӯз иҷро мешавад.

Таҳияи суманак, суфраи ҳафт Син ва ҳафт Шин, дид ва боздид, баргузори фаҳофили шеъри Наврӯзӣ, мусиқӣ, мусобиқоти мухталифи варзишӣ аз ҷумлаи корҳое аст, ки дар айёми Наврӯз анҷом меёбад.

Маҷмаъи умумии Созмони Миллал дар 23 феврали соли 2010 дар қатъномае, ки ибтикори Ҷумҳӯрии Исломи Эрон ва теъдоди дигар кишварҳои ҳавзаи Навзӯр пешниҳод шуд, рӯзи 21-уми марти ҳар солро ба унвони " Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" номгузори ва сабт кард ва аз кишварҳо дархост кард бо баргузории маросимҳои мухталиф ин маросимро пос бидоранд ва тарвиҷ кунанд.