Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд меравад
Дар ҳоли ҳозир омодагиҳо бо ширкати 19 ҳазор нафар аҳолии фарҳангу ҳунар барои тантанаҳои Наврӯзи асосии ҷумҳурӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷараён дорад.
Ба навиштаи сомонаи Sputnik. раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба шимоли кишвар сафари корӣ анҷом медиҳаҳд.
"Ҳадаф аз сафари раисҷумҳури кишвар ба вилояти Суғд ширкат дар чорабиниҳои бахшида ба Наврӯзӣ аст", - афзуд манбаъ.
Қарор аст, чорабинии асосии фарҳангии таҷлили Наврӯз -2023-и Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанди вилояти Суғд 29-30 март баргузор шавад.
Қаблан Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанг дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки як гурӯҳи эҷодӣ аз Вазорати фарҳанг ба Хуҷанд омада якҷо бо ҳунармандону овозхонҳо тамрин мегузаронанд.
Вай гуфт, “Беш аз 19 ҳазор иштирокчиён аз санъаткорон аз ҷумла овозхонҳову навозандагон ва раққосон барои таҷлили бошукӯҳи чорабиниҳои фарҳангии Наврӯз -2023 баромад мекунанд”.
Бино ба навиштаи сомонаи Sputnik Тоҷикистон ин чорабинии бошукӯҳ дар Муассисаи давлатии “Варзишгоҳи 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки меҳмонони олимақоми кишвар доир хоҳад шуд.