Ирсоли 398 парвандаи ҷиноӣ аз сӯи додситонии Тоҷикистон ба додгоҳи кишвар
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, дар соли гузашта 1197 ҷинояти террористӣ – ифротӣ дар кишвар сабт шуда, ки 18.5 дарсад бештар аз соли 2021 аст.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон дар сездаҳумин иҷлоси Маҷлиси миллии ин кишвар бо ишора ба натоиҷи фаъолияти ин ниҳод дар як соли гузашта изҳор дошт, дар соли 2022 , дар чорчӯби ҳамкориҳои байналмилалӣ , 97 нафар аз ҷумла 18 нафар аз атбои тоҷик, ки муттаҳам ба ифротгароӣ ва терроризм ҳастанд, ба Тоҷикистон таҳвил дода шуданд.
Вай хотирнишон кард, дар соли гузашта 1197 ҷинояти террористӣ – ифротӣ дар Тоҷикистон сабт шуда, ки 18.5 дарсад бештар аз соли 2021 аст. Аз ин теъдод 37 маврид ҷароими террористӣ , 307 маврид дорои моҳияти террористӣ , 790 маврид ифротгароӣ ва 62 мавриди дигар дорои моҳияти ифротӣ будаанд.
Юсуф Раҳмон дар идома гуфт, омори ҷиноётро умдатан ба далели ҷиноёти қаблӣ тавассути раҳбарону аъзои гурӯҳҳои ҷинояткори созмонёфта дар вилояти Бадахшон афзоиш ёфтааст.
Хотирнишон шуд, ки ба таври куллӣ тайи як соли гузашта, додситонӣ 398 парвандаи ҷиноӣ дар мавриди фаъолиятҳои ифротӣ ва террористӣ алайҳи 614 нафарро ба додгоҳ ирсол кардааст.