Имзои 23 санади ҷадиди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Англия+акс
Тоҷикистону Англия дар чорчӯби ҳамоиши сармоягузории муштарак, ки дар Лондон баргузор шуд, 23 санади ҷадиди ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 370 миллиондоллар имзо карданд.
Ба гузориши сомонаи Ховар, 28-29 марти соли 2023 дар шаҳри Лондон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ин Анҷуман, ки дар таърихи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир бори нахуст баргузор гардид, доираи васеи роҳбарону масъулини вазорату идораҳои Тоҷикистон, соҳибкорону сармоягузорон, роҳбарият ва намояндагони ширкату корхонаҳои бонуфузи ҷаҳон иштирок намуданд.
Дар ин конфронс аз ҷониби Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи идораи амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ, Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ, Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захоири об, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фанновариҳои навин ва масъулони дигар ниҳодҳои давлатӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории анҷумани мазкур аз таҳкиму густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ аз тариқи ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нави амалӣ дар самти бунёд ва таъсиси корхонаҳои муштарак иборат буд.
Дар чаҳорчӯби Анҷумани мазкур, ки аз нишастҳои ифтитоҳӣ ва нишастҳои дигари пленариву мавзӯӣ иборат буд, вохӯриҳои дуҷонибаи ҳайатҳои расмии соҳибкорони Тоҷикистону Британияи Кабир дар қолаби “Соҳибкор бо соҳибкор” (В2В) ва “Соҳибкор бо Ҳукумат” (B2G) доир гардид.
Дар ҳошияи ин анҷуман ҳамчунин, ҷиҳати муаррифии иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши молу маҳсулоти бахшҳои саноат, истихроҷ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва хизматрасонии бонкӣ низ ташкил карда шуд. Дар ҷараёни намоиш ба соҳибкорони хориҷӣ оид ба фазову имкониятҳои сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Тоҷикистон маълумоти муфассал ва лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ барои баррасии минбаъда пешниҳод гардид.
Дар поёни ин ҳамоиш ҳамчунин барномаи фарҳангӣ ва тафреҳӣ ба муносибати ҷашни бостонии Наврӯз баргузор шуд.