Декабр 19, 2016 14:54 Asia/Dushanbe
  • Панҷ омили бозгашти коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишварашон

Тибқи бархе гузоришҳо, беш аз як миллион нафар коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия фаъолият мекарданд, ки дар давоми ним соли ахир беш аз 50 дарсади онон ба Тоҷикистон бозгаштаанд.

Сайти ахбори имрӯзи Тоҷикистон ба муносибати 18 декабр, Рӯзи ҷаҳони муҳоҷирон, панҷ омилро ба унвони умдатарин авомили бозгашти коргарони муҳоҷири Тоҷикистон аз Русия ба кишваршон муаррифӣ кардааст.  

Мутобиқи ин гузориш, кам шудани кор дар Русия ба сабаби таҳримҳои ғарб алайҳи ин кишвар ва буҳрони молии ду соли ахир дар Русия нахустин омилест, ки пайдо кардани корро барои коргарони муҳоҷир дар ин кишвар душвор кардааст.  

Омили дуввум аз диди таҳлилгарони ин сайт, депорт ё ихроҷи коргарони муҳоҷир аз Русия аст.

Идораи федерали хадамоти муҳоҷирати Вазорати кишвари Русия эълом кардааст, аз моҳи январ то октябри 2016 аз ин кишвар беш аз 50 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ихроҷ шудаанд.  

Уфти арзиши рубл дар баробари доллар низ севвумин омилест, ки бар даромади коргарони муҳоҷир таъсири манфӣ гузошта ва сабаб шудааст, пас аз пардохти андози давлати Русия ва махориҷи рӯзона, маблағи ночизе барои пасандоз дар дасти коргарони муҳоҷир боқӣ бимонад.

Бар асоси ин гузориш, омили чаҳорум низ афзоиш ёфтани маблағи иҷозатномаи кор дар соли 2016 аст, ки аз ҳазор рубли қаблӣ ба чаҳор ҳазор рубл расида ва имкони пасандоз кардани пулро боз ҳам коҳиш додааст.

Дар ин гузориш, ибтило ба бемориҳои мухталиф низ омили панҷуми бозгашти коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишвари худ унвон шудааст.

Гузоришҳои ғайрирасмӣ теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷикро дар Русия беш аз як миллион нафар баровард мекунанд, аммо дар гузориши расмии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон шумори ин афрод ҳудуди 700 ҳазор нафар эълом шудааст.