Апрел 04, 2023 20:02 Asia/Dushanbe
  • Нишасти сарони ниҳодҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ
    Нишасти сарони ниҳодҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳафтаи оянда дар чорчӯби як сафари расмӣ ба Узбакистон сафар мекунад.

Ба гузориши “Форс”, Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар чорчӯби як сафари расмӣ ба Узбакистон сафар мекунад.

Сафари вазири хориҷаи Тоҷикистон ба манзури мушорикат дар нишасти сарони ниҳодҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ бо Русия дар мавриди Афғонистон, ки 13 апрел дар Самарқанд баргузор мешавад, сурат мегирад.

Тибқи иттилооти аввалия, дар баррасии масоили Афғонистон намояндагони Чину Покистон низ ҳузур хоҳанд дошт.

Ин музокирот дар остонаи иҷлоси Шурои вазирони умури хориҷаи кишварҳои ИДМ, ки 14 апрел низ дар Самарқанд барпо хоҳад шуд, сурат мегирад.

Ҳадаф аз ин нишаст ҳамоҳангии талошҳои минтақаӣ барои кумакрасонӣ ба Афғонистон дар масоили башардӯстона, иҷтимоиву иқтисодӣ унвон шудааст.

 

 

 

Барчасп