Декабр 19, 2016 15:01 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи Раҳмон барои ҳимоят аз Ҳинд дар пайвастан ба Созмони ҳамкории Шанҳай

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ваъда додааст, ки аз номзадии Ҳиндустон барои пайвастан ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва узви доимии Шӯрои амнияи СММ ҳимоят мекунад.

Ба иттилои “Озодагон”, Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро зимни сафараш ба Ҳиндустон, ки ахиран анҷом ёфт, баён доштааст.

Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар заминаи мубориза алайҳи ҳимояти молии терроризм ва пулшӯӣ қарордод имзо кардаанд. Ба ин тартиб Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст ҳукумати Тоҷикистон дар ростои суботи Афғонистон бо Ҳиндустон кор хоҳад кард: “Ҳиндустон ва Тоҷикистон дар минтақае қарор доранд, ки дучори таҳдидҳои амниятии гуногун аст. Муқобилият бо терроризм бахши муҳими ҳамкориҳои мо мебошад. Мо ҳамкориҳои худро бо Ҳиндустон дар заминаи дифоъ ва муқобила бо терроризм шиддат мебахшем ва барои суботи Афғонистон кор хоҳем кард”.

Раисҷумҳури Тоҷикистон инчунин дар шаҳри Деҳлӣ бо Сиривас Ходай, раҳбари “Ходайз гупп Индастрис” мулоқот карда, сармоягузории сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Оби Хингоб - “Нуробод - 1”, “Нуробод - 2” ва “Фондарё”-ро баррасӣ кардаанд. Созиш шудааст, ки баъди омӯзиши лоиҳаҳои мазкур хулоса ба ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин бо ҳамтои ҳиндияш Пранаб Кумар Мукерҷӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, ӯро даъват намудааст, ки дар фурсати барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биорад: “Даъват бо изҳори хушнудӣ пазируфта шуда, таъкид гардид, ки вақти сафар тариқи муколамаҳои дипломатӣ муайян карда мешавад”.

 

Барчасп