Ҳузури ҷудокорони тоҷик дар мусобиқоти осиёӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i100540-Ҳузури_ҷудокорони_тоҷик_дар_мусобиқоти_осиёӣ
Тими миллии навҷавонону ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми куштии Осиё  ширкат хоҳанд кард.
(last modified 2025-09-23T05:43:04+00:00 )
Апрел 05, 2023 15:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ҷудокорони тоҷик дар мусобиқоти осиёӣ

Тими миллии навҷавонону ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми куштии Осиё  ширкат хоҳанд кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мусобиқоти Осиёии Алмаатои Қазоқистон аз 7 то 9 апрел баргузор мешавад.

13 варзишкор аз Тоҷикистон дар мусобиқот ширкат мекунанд.

Тибқи қавонини Федерасиюни байналмилалии ҷудо, ин мусобиқот дар 16 вазни навҷавонон (8 вазни писарон, 8 вазни духтарон) ва 14 вазни ҷавонон (7 вазни писарон, 7 вазни духтарон) ҷудогона баргузор мешавад.