Имзои санадҳои ҳамкории байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Озарбойҷон
Чанд санади ҳамкорӣ дар поёни музокироти раисони Ҷумҳурии Тоҷикистону Озарбойҷон ба имзо расид.
Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи хабаргузории Форс, дар натиҷаи музокироти Эмомалӣ Раҳмон-раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Илҳом Алиев- раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон байни ду кишвар санадҳои нави ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф ба имзо расид .
Бар асоси ин гузориш дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев мақомоти ду кишвар 14 санади ҷадиди ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф имзо карданд .
Пас аз итмоми маросими имзои асноди ҷадиди ҳамкорӣ, раисони ҷумҳӯри Тоҷикистону Озарбойҷон дар нишасти хабарӣ ширкат ва натоиҷи дидору музокироти худро мусбат арзёбӣ карданд.
Раиси ҷумҳӯри Ҷумҳурии Озарбойҷон дируз ( чаҳоршанбе ) вориди шаҳри Душанбе ( пойтахти Тоҷикистон ) шуд .