Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон бар омодагии Тоҷикистон барои густариш бо Сербистон
(last modified Sat, 08 Apr 2023 11:49:38 GMT )
Апрел 08, 2023 16:49 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон бар омодагии Тоҷикистон барои густариш бо Сербистон

Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Сербистон, ки дар чорчуби як сафари дипломатӣ вориди Душанбе шудааст, бо раисиҷумҳур ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, рӯзи 8 апрел дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон,Ивитса Дачич, муовини якуми сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербистонро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Сербия баррасӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ҷонибдори густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду давлат ҳастем.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, инчунин технология, сайёҳӣ ва кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар ин зимн ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла соҳаи маориф ва илм ҳамчун самти ояндадори муносибатҳои Тоҷикистону Сербия арзёбӣ гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Ҳамчунин мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини якуми Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачич сурат гирифт.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардида, ҳавасмандии ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи муносибатҳо дар соҳаҳои мавриди назар иброз шуд.

Ҳамсуҳбатон истифодаи имконоти абзорҳои дуҷониба, аз ҷумла Кумитаи байниҳукуматии Тоҷикистону Сербияро оид ба тиҷорат, ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ дар тавсеаю таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.

Мавзӯи шарокат дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо қарор гирифт.