Апрел 09, 2023 09:37 Asia/Dushanbe
  • 7.5 миллард доллар арзиши гардиши молии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта
    7.5 миллард доллар арзиши гардиши молии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта

Арзиши гардиши молии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон соли гузашта 7.5 миллиард доллар буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ин мизон дар муқоиса бо соли 2021 ҳудуди 25.1 дарсад афзоиш дошта аст.

Дар ин муддат арзиши колоҳои содироти 2.3 миллиард доллар ва колоҳои воридоти 5.2 миллиард доллар буд, ки нисбат ба соли 2021 ҳудуди 22.9 дарсад афзоиш дошта аст.

Бар асоси таҳлилҳои  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар 5 соли гузашта рушди иқтисодии кишвар ба таври миёна солона 7.3 дарсад буда аст.

Ҳаҷми тавлиди нохолиси дохили низ аз 71 ба 115.7 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт.

Барчасп