Маросими эҳёи шаби Қадр дар Тоҷикистон
Дар солрӯзи шаҳодати ҳазрати Алӣ (а) ва ҳамзамон бо шабҳои Қадр, маросимм бошукуҳи эҳё дар шаби бистуякуми моҳи мубораки Рамазон дар Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба муносибати шаҳодати имом Алӣ (а) ва дар дуюмин шаб аз лаёлии бофазилати Қадр, маросими маънавии эҳё бо ҳузури сафир, дипломатҳову коргузорони эронӣ ва теъдоди зиёде аз эрониёни муқим ва дигар муҳиббони аҳли байти исмату таҳорат (а) дар Сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин маросим Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар бораи фазилатҳои шабҳои Қадр ва маноқиби ҳазрати Алӣ (а) ва низ таъсири вуҷуди он ҳазрат дар Ислом матолиберо баён кард.
Чаҳоршанбе, 21 моҳи Рамазони 1444 ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо 23 фарвардини 1402, солрӯзи шаҳодати ҳазрати Алӣ (а) аст.