Апрел 13, 2023 18:15 Asia/Dushanbe
  • Азми Тоҷикистону Русия бар афзоиши мубодилоти тиҷорӣ

Муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон гуфт : Душанбеву Маскав қодир ба афзоиши 3 баробарии тиҷорати мутақобил ҳастанд .

Ғарб пас аз ба роҳ андохтани ҷанги Украина корзори зиддирусии худро ташдид кард ва талош барои мунзавй кардани Русияро дар дастури кори худ қарор дод . Аммо ба рағми ин талошҳо Русия равобити иқтисодӣ ва тиҷории худ бо дигари кишварҳо аз ҷумла Тоҷикистонро афзоиш додааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс аз Душанбе, Раҷаббой Аҳмадзода-муовини аввали Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар суханоне дар нишасти Комиссиюни ҳамкории Маҷлиси миллии ин кишвар ва Шӯрои Федерасиюни Русия, ки дар Маскав баргузор шуд, гуфт : Дар ҳоли ҳозир мубодилаи тиҷории байни ду кишвар 1.5 миллиард доллар аст ва умедворем гардиши молиро 3 баробар афзоиши диҳем ва ба 5 миллиард доллар бирасонем.

Аҳмадзода бо ишораи инки равобити Тоҷикистону Русия бо сатҳи болое аз эътимод, ҳимояти мутақобил ва дӯстӣ фарқкунанда аст, афзуд : Дар соли гузашта ду кишвар сиюмин солгарди барқарории равобити диплумотикро таҷлил карданд.
 

 

Барчасп