Апрел 16, 2023 09:47 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқоти байналмилалии дави нимамарафон дар Тоҷикистон
    Баргузории мусобиқоти байналмилалии дави нимамарафон дар Тоҷикистон

Мусобиқаи байналмилалии дави нимамарафон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа тақвияти равобити ҳамкори бо шаҳрҳои хоҳархонда ва манотиқе, ки ҳамкории иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ судманд бо шаҳри Душанбе доранд эълом шуд.

Дар ин рақобатҳо варзишкорони аз Қазоқистон, Узбакистон ва Эфиопия ва ҳамчунин аз шаҳрҳо ва манотиқи Тоҷикистон ва кормандони сафоратхонаҳо, намояндагони дипломатик ва созмонҳои байналмилали ширкат карданд.

Мусобиқаи дави нимамарафони байналмилалии Душанбе сездаҳумин сол аст, ки баргузор мешавад.