Эъломи аъзои тими миллии ҷудои Тоҷикистон барои ширкат дар Мусобиқоти ҷаҳонии Қатар
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i101024-Эъломи_аъзои_тими_миллии_ҷудои_Тоҷикистон_барои_ширкат_дар_Мусобиқоти_ҷаҳонии_Қатар
Нафароти тими миллии ҷудои Тоҷикистон барои ҳузур дар Мусобиқоти ҷаҳонии Қатар - 2023 мушаххас шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Апрел 17, 2023 17:01 Asia/Dushanbe
  • Эъломи аъзои тими миллии ҷудои Тоҷикистон барои ширкат дар Мусобиқоти ҷаҳонии Қатар

Нафароти тими миллии ҷудои Тоҷикистон барои ҳузур дар Мусобиқоти ҷаҳонии Қатар - 2023 мушаххас шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2023, ки  7-14 майи соли равон дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор мегардад, муайян шуд.

Тибқи низомнома, дар чемпионат варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ то 3 апрел дар 100-гона мавқеъ дошта бошанд.

Дар ин мусобиқот тими миллии ҷудо бо 9 варзишкор ширкат хоҳад кард.