Апрел 18, 2023 10:11 Asia/Dushanbe
  • Дар ноҳияи Турсунзода кишти тухми пахтаи туркӣ оғоз шуд
    Дар ноҳияи Турсунзода кишти тухми пахтаи туркӣ оғоз шуд

Дар хоҷагии « Самир »-и ноҳияи Турсунзода, ки асосан ба кишти марғӯби маҳсӯлоти кишоварзӣ ба вижа пахта мепардозад, кишти пунбадонаи туркӣ ба номи « лодос » оғоз шуд .

Ба гузориши Ховар, ин тухмӣ ,ки бо ҳимояти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри пахтакорони ноҳияиТурсунзода қарор гирифтааст, ба сурати озмоишӣ дар соли ҷорӣ дар замине ба масоҳати 50 гектар кошт мешавад .
Гузориш шудааст, ки тухмии лодос бо обу ҳавои Тоҷикистон созгор аст ва дар натиҷаи парвариши босифати он метавон то 50 сентнер ҳосил рӯёнид..
Мудирияти хоҷагии " Самир " дар назар дорад кишти пунбдонаро афзоиш диҳаду заминаро барои арзаи бештари киштзорҳо ва тавсеаи саноъати пахта фароҳам кунад .
Кишоварзони ноҳияи Турсунзода қасд доранд дар замине ба масоҳати 1000 гектар пунбадона бикоранд . То ба имрӯз сатҳи зери кишт беш аз 500 гектар будааст .
 
Бештар бихонед :

 

Барчасп