Омодасозии тими миллии ҷудои Тоҷикистон барои ҳузур дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон 2023
Апрел 18, 2023 18:39 Asia/Dushanbe
Тими миллии кушти ҷудои Тоҷикистон барои ҳузур дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон 2023 дар Сочи омода мешавад.
Бо ҳимояти Исмоили Муҳаммадзоир, раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва бо ҳамкории Федератсияи ҷудои Русия тамриноти тадорукотии тимҳои мунтахаби ҷудои ду кишвар дар Сочи баргузор мешавад.
Ба гузориши федератсияи ҷудои Тоҷикистон ин тамринот, ки аз 8 апрел дар маркази омузиши олампики Сочи оғоз шуд ва дар 20 апрел ба поён мерасад тавассути Томуро Тури мутахассиси ҷопонӣ анҷом мешавад.
Тамриноти Сочи марҳалаи аслии омомдасозии тими миллии ҷудои Тоҷикистон барои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон 2023 ки аз 7 то 14 май дар Давҳаи Қатар баргузор мешавад маҳсуб мешавад.