Ҳузури намояндаи Тоҷикистон дар нишасти маҷозии мудирони иқтисодии "Чин ва Осиёи Марказӣ"
Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти маҷозии вазирони масъули тиҷорати хориҷӣ ширкат кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо дар аввалин нишасти вазирони масъули фаъолиятҳои иқтисодии хориҷӣ ва тиҷорати хориҷии «Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ» ба сӯрати видеоконфронс ширкат кард.
Ин нишаст бо ҳадаф ёфтани имкони тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба, афзоиши мизони тиҷорати хориҷӣ, ҷазби сармоя, эҷоди сармоягузории муштараку соири заминаҳо баргузор шуд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкориҳои чандҷониба бо Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳаммияти зиёде қоиласт ва Чин ба яке аз шарикони аслии тиҷорӣ ва яке аз бузургтарин сармоягузорони бисёре аз кишварҳои Осиёи Миёна табдил шудааст.
Дар поёни ин нишаст намояндагони кишварҳои ширкаткунанда омодагии худро барои густариши ҳарчӣ бештари ҳамкориҳои дуҷонибаи сӯдманд ва иҷрои мавориди ёд шуда эълом карданд.