Апрел 20, 2023 09:58 Asia/Dushanbe
  • Боздошти қозии додгоҳи Бадахшон
    Боздошти қозии додгоҳи Бадахшон

Қозии додгоҳи Бадахшон боздошт шуд.

Ба гузориши Садоии Хуросон ба нақл аз яке аз сомонаҳои хабарии Осиёи Марказӣ Додситони кулли Тоҷикистон парвандаи қазоӣ алайҳи як қозии минтақаи Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон ба иттиҳоми "ришва ситонӣ" ташкил дод.

Зафар Қадирзода, ки дар декабри 2022 ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳӯри Тоҷикистон ба унвони қозии додгоҳи Бадахшон мансуб шуда буд, ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Бар асоси қавонини Тоҷикистон, барои дастгирӣ ва баррасии парвандаи қозиҳо, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳӯри Тоҷикистон бояд дастури  барканор кардани вайро содир кунад ва парлумони ин кишвар низ онро тасвиб кунад.

Ба гуфтаи манобеӣ хабари вай ҳамакнун дар боздоштгоҳи муваққати ба сар мебарад ва тайи рӯзҳом оянда раисҷумҳӯр бояд ҳукми барканории вайро имзо кунад.